16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ ба шаҳри Тошканд бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд.
Мусоҳибон бештар ба инкишофи муносиботи дуҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, татбиқи созишномаҳои қаблан қабулгардида, вусъати робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар масоили фарогири амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон диққати асосӣ доданд.
Тарафҳо аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки соли 2003 гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 400 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нишондиҳандаҳои 5 моҳи соли ҷорӣ боз ҳам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаришуда назаррасу афзоянда мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати саҳмгирӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодию экологӣ иқдоми нек арзёбӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон ва Ху Тсзинтао ифтитоҳи роҳи Мурғоб - Кулмаро омили рушди равобити кулли мамолики минтақа, пайванди Аврупову Осиё маънидод намуданд.
Ҷонибҳо дар мавриди густариши ҳамкориҳои ояндаи иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ инчунин саҳмгузорӣ дар лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон бо баррасии таклифу пешниҳодоти ба ҳар ду тараф манфиатнок ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷараёни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар инкишофи робитаҳои дустонаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақши муассир дорад, дидан кард.