Дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд.
Дар вохурӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди ҳамкориҳои бунёдии иқтисодии байни ду шарики стратегӣ ва ҳамгироиҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ зоҳир гардид.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.